• Tajik
  • Русский
  • English

 06.08.2015 мулоқоти Муовини якуми Вазири нақлиёт бо Муовини вазири алоқаи Ҷумҳурии Латвия Уилдис Рейманис доир гардид. Мулоқот ҷаласаи  аввалини гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Латвия дар бахши нақлиёт буда, дар рафти он масъалаҳои барқарорсозии алоқаи ҳавоӣ, истифода аз  имкониятҳои транзитии Тоҷикистону Латвия, интиқоли борҳо тавассути бандарҳои Латвия, омӯзиш ва табодули таҷрибаи коршиносони ду кишвар  мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Дар анҷоми мулоқот Протокол оид ба натиҷаҳои он ба имзо расид.