• Tajik
  • Русский
  • English

Рӯзи 2 октябри соли равон, тариқи видеоконфронс мулоқоти Ҳамоҳангсози кишварии СММ хонум Сезин Синаноғлу бо вазири нақлиёт Азим Иброҳим  доир гардид.

Зимни вохӯрии ҷонибҳо масъалаҳои рушди долонҳои нақлиёт дар минтақа, ҷорӣ намудани системаҳои воситаҳои рақамии минтақавӣ ва таъмини бехатарӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар идомаи суҳбат хонум Сезин Синаноғлу хабар дод, ки айни замон аз ҷониби СММ лоиҳаи Стратегияи нави ҳамкории Созмон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди  таҳия қарор дошта, он ҷониб кушиш менамояд то масъалаҳои марбут ба рушди долонҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ, рақамикунонии соҳаи роҳдорӣ ва андешидани тадбирҳои заруриро дар самти таъмини бехатарӣ дар роҳҳо дар Стратегияи мазкур пешбинӣ намояд.

Роҳбарияти вазорат дар навбати худ қайд намуд, ки омодааст ҳангоми пешниҳод гардидани Стратегияи болозикр онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҳамкории судмандро бо СММ бароҳ монад.