• Tajik
  • Русский
  • English

     Дар толори “Боғи роҳиоҳанчиён” 4 ноябри соли равон оид ба сари вақт омода намудани соҳаи нақлиёти автомобилии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 таҳти раёсати вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҷаласа баргузор гардид, ки дар он роҳбарони сохторҳои Дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” аз минтақаҳои кишвар, роҳбарони ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои нақлиёти автомобилии боркашу мусофирбарӣ иштирок доштанд.

 

    Нахуст вазири нақлиёт ба аҳли нишаст моҳияти ташкил намудани ҷаласаро шарҳ дода, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории ҷаласа шиносоӣ бо мушкилоти кор дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва пешниҳоди роҳи ҳалли онҳост. Дар ин робита вазир аз даъватшудагон даъват ба амал овард, ки ба таври ошкоро фикру дархостҳои худро пешниҳод намоянд.

    Сипас, сардори Раёсати нақлиёти рўизаминии Вазорати нақлиёт Фаррух Неъматзода ҷиҳати омода намудани иншооти инфрасохтори нақлиётӣ ва воситаҳои нақлиёти автомобилӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистон аз рўи рўнамо маърўза кард.

    Дар муҳокимаи масъалаи баррасишаванда, Азим Иброҳим таъкид намуд, ки масъулини ширкатҳо ва муассисаҳои нақлиётиро зарур аст, то оид ба масъалаи омодабошӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода хунукназарӣ накунанд, чунки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, зимистони имсола нисбат ба солҳои пешина боз ҳам сардтар мешавад. Бинобар ин, пеш аз ҳама, вазъи техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, алалхусус мусофирбар, бояд хуб ва бо лавозимоти зарурӣ барои ҳаракат дар роҳҳо ҳангоми боридани барфу борон таъмин бошанд.

    Оид ба ҳисоботи оморӣ ва фарогирии воситаҳои нақлиёт бо борхату роҳхат сардори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Қурбоналӣ Хизиров сухан карда ҳамчунин дар бораи мушкилоти пурра фарогир нагардидани ҷамъиятҳои нақлиётӣ бо роҳҳату борхат, дуруст коркард накардани онҳо, моҳияти гузарондани дарсҳои 20 – соата, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар мусофирбарӣ маълумот дод ва аз масъулини ҷамъиятҳои нақлиётӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани ҳисоботи оморӣ дар соҳа воситаҳои нақлиётро пурра бо роҳхату борхат таъмин намоянд.

    Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода қайд намуд, ки ҷиҳати омодабошӣ ба фасли тирамоҳу зимистон ба ҳамаи ширкатҳои боркашонӣ мактубҳои расмӣ расонида шуда, дар ин самт аз ҷониби Хадамот корҳои нозиротӣ ба роҳ монда шудааст. Ў оид ба мушкилоти кори соҳа, аз ҷумла, куҳна будани базаи моддӣ – техникӣ ва парки автомобилии ташкилотҳои нақлиётӣ, нокифоя будани терминалҳову ҷамъиятҳо дар минтақаҳо, мавҷуд набудани марказҳои логистикӣ ва дуруст ба роҳ монда нашудани ҳисоботи оморӣ, аз меъёр зиёд бор гирифтани нақлиёти боркаш, норасоии мутахассисон дар ҷамъиятҳо ва риоя накардани безараргардонӣ дар нақлиёт изҳори андеша ва ҷиҳати бартараф кардани мушкилот таклифҳо пешниҳод кард.

     Вазири нақлиёт сабаби мушкилоти мавҷударо аз масъулин пурсон шуда, дастур дод, ки бояд роҳи ҳалли масъаларо дар ҳамбастагӣ пайдо намоянд. Ў аз ҷумла, таъкид кард, ки мақсади асосии мо беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум аст ва дар ин кор ҳамагон бояд масъулиятро ҳис намоянд.

    Намояндагони ҷамъиятҳои нақлиётӣ – Сафаралӣ Гулов, Қурбонбек Ширинбеков, Наҷотхон Исомиддинова, Зоҳир Зоҳидов, Бозорбой Ғолибов ва Шарифов оид ба масъалаҳои нодуруст баҳогузорӣ кардани озмуни ташкили хатсайрҳо, баланд будани нархи боҷи гумрук, ки воридоти нақлиётро ба кишвар халалдор мекунад, ташкили Шўрои нақлиётчиён, хизматрасонӣ ба мусофирони имтиёздор таклифҳо пешниҳод намуданд.

Вазири нақлиёт барои ҳалли ҳар чи зудтари мушкилоти ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳо дод.