• Tajik
  • Русский
  • English

Тавре ки иттилоъ дорем 28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.  Чунин  мукофотҳо ба  кормандони соҳаҳои дигар, дар  вазорату идораҳо аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумат тақдим гардиданд.

Хушбахтона, чанд нафар кормандони соҳаи нақлиёт низ бо чунин мукофот  сарфароз гардиданд. Аз ҷумла,  Аловиддин Аноятшоев – сардори Раёсати сохтмон ва ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт  бо медали «Хизмати  шоиста» ва  Шарифзода Зафар Кенҷа – сардори Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  Пешвои муаззами миллат тақдим намуданд.

Дар толори Вазорати нақлиёти кишвар бо иштироки вазири нақлиёт  Азим Иброҳим ва аҳли кормандон муовини Сарвазири мамалакат Гулмаҳмадшозода Давлатшо Қурбоналӣ ба кормандони соҳа  барои дастовардҳои баланд ва хизматҳои шоён баҳри рушди соҳа ба Фаррух Неъматзода - сардори Раёсати нақлиёти рўизаминӣ ва Маҳбатшо  Ҷамшедов - корманди Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, медали “Хизмати шоиста”- ро  аз номи  Сарвари давлат тақдим намуд.  

Дар маросими мукофотсупорӣ муовини сарвазир хизматҳои шоёни таҳсини кормандони соҳаҳаро  махсус таъкид кард.

Бори дигар ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти соҳа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа  вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо итминон иброз дошт, ки ҳамаи  онҳое, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, дар оянда низ тамоми қудрату тавонашонро ба хотири ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона дареғ намедоранд.