• Tajik
  • Русский
  • English

 Рӯзи 28-уми феврали соли равон Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба амалӣ намудани нукоти  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо кормандони Вазорати нақлиёти вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ муовини якуми вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб, Полковник Исматзода Сайдулло Неъмат - сардори Раёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳо иқтисодии характери коррупсионидошт подполковник Турсунзода Шодком Худоймурод – муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсия, полковник Шарифзода Давлат – сарпарасти Вазорати нақлиёт аз ҷониби  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва кормандони дастгоҳи Вазорати нақлиёт ва сохторҳои он иштирок доштанд.

Турсунзода Шодком, оид ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии он ба ҳозирин маълумот дод.
       Қайд гардид, ки Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.
    Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд намуданд “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин муборизаи тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.

Ҳамчунин, дар ҷаласа дигар иштирокдорон низ оид ба пешгирии коррупсия фикрҳояшонро ироа доштанд.