• Tajik
  • Русский
  • English

  Рӯзи 25 сентябри соли равон маросими супоридан ва қабули техникаву механизмҳои роҳдорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кумаки бебозгашт дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ» пешниҳод шудааст, доир гардид.

  Дар ин чорабинӣ вазири нақлиёти Ҷумҳурии ТоҷикистонАзим Иброҳим ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшитаиштирок ва суханронӣ намуданд. Вазири нақлиёти кишвар аз ҷумла иброз дошт: «Вазорати нақлиёт дар заминаи дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкории зич бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалб намудани маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиаҳои афзалиятноки соҳа пайваста кӯшиш менамояд.

  Ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷопон ва сафорати он дар Душанбе ба он боис гардид, ки дар қатори дигар лоиаҳо дархости лоиаҳавии Вазорат ҷиҳати ба таври грант харидани техника ва таҷҳизоти махсуси барфтозакунии замонавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон, дастгирӣ гардид.

  Иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷопон – ин кумаки бебозгашт ба маблаѓи як миллиард йени ҷопонӣ (тақрибан 9,7 млн доллари ИМА) дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ» мебошад, ки оид ба ин 19 майи соли 2019 Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон ба имзо расид ва бо қарори Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2019 тасдиқ гардид.

  Мо аз дастгири Ҳукумати Ҷопон, Сафорати Ҷопон дар Душанбе ва  Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), инчунин дигар шарикони рушдро, ки дар рушди соҳаи нақлиёту роҳдорӣ ва захираҳои инсонӣ дар кишвар саҳми арзанда доранд, миннапазирем».

  Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшитаниз аз ҳамкориҳои судманди дуҷониба изҳори қаноатмандї намуда, афзуд, ки сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон мушоҳида мекунад, ки ҳама намуди грантҳо ва кумаке, ки аз тарафи Ҷопон ба Тоҷикистон мерасад, самаранок истифода мешаванд. Ин амал дар соҳаи нақлиёти кишвар баръало ба назар мерасад. Техникаи замонавие, ки имрӯз ба Тоҷикистон ворид шудааст, умедворем, ки солҳои зиёд ба иқтисоди кишвари шумо хизмати арзанда хоҳад намуд. Ин интиҳои ҳамкории мо набуда, равобити мо ҳамеша дар ҳоли густариш аст.       

  Бояд қайд кард, ки дар доираи лоиҳаи мазкур 57 техникаву таҷҳизот пешбинӣ гардида, навбати аввал 44 техникаву механизми роҳдорӣ ба кишварамон ворид шуданд. Инҳо 5 эксковатор, 15 боркунаки фронталӣ, 16 регпошак ва 8 барфтозакунак мебошанд. Техника ва таҷҳизот ба механизаторони МДНРА – ҳои минтақаҳо ба таври тантанавӣ супорида шуданд.

  Пас аз маросими расмӣ вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо механизаторон суҳбати ҳирфаӣ – тавсиявӣ доир намуда,  таъкид намуд, ки техникаро ба таври зарурӣ бояд нигоҳубин ва истифода намоем, ки он муддати тулонї истифода  шавад ва солҳои зиёд ба иқтисоди кишвар хизмат намояд. Вазифаи ҳар як механизатор ва дигар шахсони масъул иҷрои оддитарин корҳо -  саривақт иваз намудани равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, истифодаи сӯзишвории ба меъёр мутобиқ ва дигар корҳои аввалиндараҷа мебошад. Муносибати боэҳтиёт бо техника умри онро дарозтар ва самаранокиашро зиёдтар мекунад.

 Ёдовар бояд шуд, ки Вазорати нақлиёти кшивар бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) низ ҳамкории зич дорад. Аз оғози соли 2013 то инҷониб як қатор лоиҳаҳои омӯзишӣ ва кумакҳои техникӣ амалӣ гардида, қисме аз онҳо идома доранд. Лоиҳаи аввал «Беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳои автомобилгард», (оғозаш соли 2013 ва анҷомаш соли 2016 мебошад) ва «Рушди иқтидорнокӣ оид ба пешгирӣ ва барқарорсозии офатҳои табиӣ дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон»  лоиҳаи дигар (оғозаш соли 2017 ва анҷомаш соли 2020) мебошад, ки пурра амалӣ гардидаанд. Айни замон, аз моҳи апрели соли 2021 лоиҳаи «Рушди иқтидорнокӣ оид ба идоракунии пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 дар назар дошта шудасст. Лоиҳаҳои мазкур барои кормандони МДНРА-ҳо ва Дастгоҳи марказии Вазорат барои баланд бардоштани дониши тахассусӣ ва малакаи зеҳниву идоракунӣ курсҳои омӯзишӣ доир мекунад.