• Tajik
  • Русский
  • English

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №503 аз 7 октябри соли 2011 «Оид ба истифодабарии тахографҳои рақамӣ дар ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ» бо мақсади таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар доираи Созишномаи Аврупоӣ вобаста ба фаъолияти экипажҳои (сарнишинони) воситаҳои нақлиёт, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро иҷро менамоянд, Низоми истифодабарии тахографҳои рақамӣ дар раванди нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ карда шуд.

Боиси сарфарозист, ки дар баробари давлатҳои Руминия, Булғория, Филандия, Норвегия, Дания, Британияи кабир, Ирландия, Белгия, Испания, Португалия, Украина, Молдова, Сербия, Узбекистон, Кипр, Казоқистон Тоҷикистон низ вориди системаи мазкур гашт.

Дар рушди маҷмааи нақлиёт дар давоми соли сипаригашта ва аввали соли 2020 ҳиссаи босазо дар ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Мутобиқ ба шартномаи №1-МК аз 26 октябри соли 2011 байни Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомолбилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» -и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Certsign, ки дар Бухарест (Руминия) қарор дорад, кортҳои миллии рақамии тахограф (ширкат/корхона, ронанда, таъмиргоҳ, назоратчӣ) таҳия ва ба тасдиқ расонида шуданд.

Моҳи равони соли ҷорӣ аввалин кортҳои миллии рақамии тахограф дар мувофиқа бо мақомоти салоҳиятдори Иттиҳоди Аврупо мавриди барасмиятдарорӣ қорор дода шуда, дар ҷаласае, ки санаи 4 феврали соли 2020 бо иштроки ширкату корхонаҳои нақлиётӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа Ш. Саидмуродзода барпо гардид, кортҳои мазкур ботантана ба ронандаҳо ва кормандони мақомоти назоратӣ супорида шуданд.

Аз ҳақиқат дур нест, ки ояндаи наздик тавассути Созишномаи мазкур оид ба риоя намудани реҷаи меҳнат ва истироҳати ронандагон ҳамлу нақли автомобилӣ ба давлатҳои муштаракулманофеъ ва Иттиҳоди Аврупо содда ва рушд намуда, ба иқтисодиёти кишвар таъсири нек мерасонад.

  Дар ин иртибот, пайваста афзун гаштани ҳаҷми бору мусофиркашониҳои байналмилалӣ дар самти Аврупо дар назар аст