• Tajik
  • Русский
  • English

Аз аввали пайдо гардидани Короновирус “CОVID-19” дар ҷаҳон  то 8.05.2020 сол 3 904 341 одам ба бемории коронависрус мубтало гардида, аз онҳо 1 334 492 — сиҳат шуда, 270 057 он ба ҳалокат расидаанд.

Дар ҷойи аввал Иёлоти мутаҳидаи Амрико, 2 Италия, 3 Великобритания ва 4 Федератсияи Россия қарор дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, тибқи маълумоти Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то санаи 8 майи соли 2020 шумораи ба бемории Каронавирус мубталогардида ба 461 нафар расида, 345 он шифо ёфта 12 нафарашон ба ҳалокат расиданд.

Тибқи маълумоти охирини оморӣ дар дунё аз дигар намудҳои беморӣ аз ҷумла;

-шамолхӯрӣ қариб 69607,

-табларза зиёда аз 140 584,

-худкушӣ беш 153 696,

-садамаҳои нақлиётӣ 193 479,

-вируси норасоии масунияти одам 240 950,

-майзадагӣ 358 471,

-сигоркашӣ 716 498,

-саратон 1 177 141,

-зукоми мавсимии А, Б, С то 600 ҳазор,

-илтиҳоби шуш то 6 миллион нафар одамон вафот мекунанд.

Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар миқёси ҷаҳонӣ, ҳамасола ба ҳисоби миёна аз 350 то 450 миллион нафар ба бемории илтиҳоби шуш (пневмания) гирифтор шуда, аз ин шумора ба ҳисоби миёна аз 3 то 7 миллион нафар одамон мефавтанд, ки аз 1,5 то 4,0 фоизи шумораи умумии беморшудагонро ташкил медиҳад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз 7 000 то 16 000 нафар одамон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуда, аз 130 то 650 нафар гирифторони ин беморӣ мефавтанд, ки 1,0 то 4,0 фоизи шумораи умумии беморшудагонро ташкил медиҳад.

Дар 4 моҳи соли 2020 нисбат ба 4 моҳи соли 2019 аз 4639 то ба 5489 нафар ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуда аз ин шумора аз 53 ба 95 нафар фавт афзудааст. 

Аз замони ҳастии инсоният, нигоҳдошт ва пешбурди саломатӣ аз гигиена сарчашма мегирад. Гигиенаи шахсӣ маҷмӯи қоидаҳои беҳдошт мебошад, ки иҷрои онҳо баҳри тандурустии одам мусоидат мекунад. Ба гигиенаи шахсӣ покизагии бадан, курпаву болин, сарулибос, манзил ва риояи тозагӣ ҳангоми пухтупаз низ тааллуқ дорад. Тозагии бадан яке аз шартҳои асосист. Чуноне дар урфият мегӯянд, “Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст”.

Вируси Короно асосан ба воситаи ҳавою қатрагӣ сироят мекунад. Яъне шахси сироятёфта ҳангоми суҳбат кардан ё атса задану сулфидан ба шахси дар масофаи 1,5-2 метрбуда ин вирусро интиқол менамояд. Аз ин лиҳоз, беҳтар мебуд, агар шаҳрвандон дар ҷойҳои серодам бе зарурат ҳозир нашаванд, дар сурати зарурат аз ниқобҳо истифода намоянд.

Тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба пешгирӣ

ва гирифтор нашудан ба коронавирус

  • дастонро бо собун зери оби равон шуед.
  • мунтазам дастҳоятонро бо маҳлулҳои спиртӣ ва антисептикӣ пок кунед. Ин амал хусусан пас аз истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ муҳим аст.
  • дар нақлиёти ҷамъиятӣ масофаи байни шахсонро риоя намуда, ҳатман ниқоб истифода намоед.
  • аз одамоне, ки сулфа ва атса мезананд, масофаи на кам аз як метрро риоя намоед.
  • масофаи худро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нигоҳ доред.
  • бо дастҳои ношушта ба чашм, бинӣ ва даҳон даст нарасонед.
  • ба ҳар роҳе, ки шумо бо одамони бемор алоқаи наздик доред, пешгирӣ кунед.
  • дар вақти сулфидан, рӯятонро бо рӯймоли якдафъа пӯшед.
  • ашёҳои аксар вақт истифодашавандаро, хусусан телефон, калидҳо, айнакҳоро бо маҳлулҳои безаргардонӣ бишӯед.

Агар худро бад ҳис кунед, дар хона бимонед. Ҳангоми баландшавии таб, пайдо шудани сулфа ва нафаскашии душвор ҳарчи зудтар барои ёрии тиббӣ муроҷиат намоед. Дастурҳои мақомоти маҳаллии ҳифзи тандурустиро риоя намоед.

Телефони боварӣ 511