• Tajik
  • Русский
  • English

      Ба мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Насли ҷавони Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилаллии “Хазинаи бехатарии роҳ” ва “Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор” 235 адад аломатҳои 1.11.1 ва 1.11.2 “Гардиши хатарнок”, дар асоси шартномаи басташуда ба Вазорати нақлиёт дастрас шуд.

       235 адад аломати дастрасгардида дар асоси супориши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – ағбаи Кулма ба МДНРА – ҳои ш.Ваҳдат, н.Данғара, н.Восеъ, ш.Кӯлоб, н.Ш.Шоҳин, минтақаи Яхчипун, н.Дарвоз, н.Ванҷ, н.Рушон, н.Шуғнон, минтақаи Ғунд ва н.Мурғоб дастрас карда шуда дар ҷойҳои лозима насб карда мешавад.