• Tajik
  • Русский
  • English

Дастгирии маъюбону ниёзмандон яке аз самтҳои иҷтимоии сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии ниёзмандон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Вазоарти нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат доир ба дастгирии маъюбону ниёзмандон ва шахсони бепарстор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони саховатманд ва эҳсонкорон дар ин иртибот пайваста  чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Дар арафаи  Соли нави мелодӣ рӯзи 24 декабр аз тарафи Вазорати нақлиёти ҶТ ба мактаб - интернати маъюбони ноҳияи Рудакӣ кумак расонда шуд. Кумак аз  маводи ғизоӣ, аз ҷумла, орд, картошка, пиёз ва сабзӣ иборат буд.  Ин ҳама ҷонибдорӣ  аз сиёсати  ғамхоронаи  Президенти кишвар сарчашма мегирад.

Вазорати нақлиёт тасмим гирифтааст, ки ин иқдоми наҷибро пайваста дастгирӣ  карда, дар арафаи ҷашну маъракаҳо  ба ниёзмандон дасти мадад дароз кунад.