• Tajik
  • Русский
  • English

Имрӯзҳо дар  ҷавоб ба  даъвати  башардӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳо ва соҳибкорони саховатпеша   дар  пешгирии паҳншавии COVID-19 ва табобати гирифторони бемории сироятии коронавирус саҳми худро гузошта истодаанд.

Дар ин рӯзҳои ҳассос  дастгирӣ намудани беморону ниёзмандон ва  табибони мамлакат амали неку савоб арзёбӣ мешавад.

Бо пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии бемории сироятии COVID-19 саҳм гузошта, ба МД «Маркази тиббии шаҳрӣ» ба номи Ахмедов Карим маводи ғизоӣ, аз қабили 1250 кг орд, 375 кг биринҷ, 375 кг шакар ва 250 литр равғани растанӣ кӯмак намуд.

Вазъи кунунии паҳншавии бемории сироятии коронавирус моро водор менамояд, ки дар чунин вазъияти ногувору вазнин дар паҳлӯи ҳам бошем ва то қадри имкон ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз намоем.