• Tajik
  • Русский
  • English

Рӯзҳои 26-27 ноябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Комиссияи муштараки навбатии Тоҷикистону Узбекистон оид ба нақлиёти автомобилӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Тоҷикистон муовини вазири нқлиёти кишвар Шоиста Саидмуродзода ва дигар кормандони масъули Вазорат  ва аз ҷониби Ӯзбекистон муовини вазири нқлиёти Ӯзбекистон Даврон Деҳқонов ва дигар масъулин ширкат варзиданд.

         Зимни ҷаласа  масоили  ҳамкориҳои дучониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, кушодани хатсайрҳои иловагии байналмилали дар сами мусофирбарӣ ва транзит,  ворид намудани тағйирот ба Созишномаи амалкунанда бо мқсади содагардонии раванди  ҳамлу нақл бо нақлиёти автомобилӣ, мубодилаи  рухсатномаҳо барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар соли 2021, мубодилаи таҷриба оид ба ҷорӣ намудани  рақамикунонӣ дар нақлиёт ва дигар масалаҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд. Сипас оид ба масоли муҳокимашаванда Протокол ба имзо расид, ки онро аз ҷониби Тоҷикистон муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода ва аз тарафи Ӯзбекистон муовини вазир Даврон Деҳқонов ба имзо расонданд.