• Tajik
  • Русский
  • English

  Имрӯз дар толори вазорати нақлиёти кишвар ҷаласаи навбатии Раёсати комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе доир гардид.

   Дар кори ҷаласа Вазири нақлиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон аъзои кумитаи марказии ҲХДТ, Раиси ташкилоти ҳизбии “Нақлиётчӣ” Азим Иброҳим иштирок ва баромад намуданд. Мавсуф ҷиҳати ҷоннок намудани кору фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ва дар шароити имрӯза дуруст ба роҳ мондани интизоми дохилиҳизбӣ ва корҳои таблиғотию иттилоотӣ таклифҳои мушаххасу саривақтӣ пешниҳод намуданд.