• Tajik
  • Русский
  • English

   Рӯзи 3- уми сентябри соли равон дар Вазорати нақлиёт ҳамоиши ҷавонони соҳаи роҳу нақлиёт ба ифтихори 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат – роҳнамои ҷавонон” ва Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ” таҳти раёсати  муовини вазири нақлиёт Сироҷзода Шуҷоат баргузор гардид. Муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе – Гулзод Маҳкам Ҷумъа, раиси Иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷигии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоева Нисо Темуровна, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур Ғафорзода Билол ва Доробова Хандонгул – сармуҳаррири рӯзномаи “Нақлиёт” иштирок ва суханронӣ карданд.

   Муовини вазири нақлиёт Сироҷзода Шуҷоат аз номи роҳбарияти Вазорат ҳозиринро ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, қайд кард, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, самти асосии фаъолияти ҷавонони соҳа ба шумор меравад, таҳти сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона амалӣ гардид. Имрӯз ҷавонони соҳаи роҳу нақлиёти кишвар барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишварамон – ба давлати таранзитӣ табдил додани Тоҷикистони барои ҳар яки мо азиз, сайъу талош доранд. Ў ҳамчунин аз дастовардҳои соҳа дар даврони истиқлол ба дастомада, ҳарф зада, иброз дошт, ки баҳри рушди минбаъдаи маҷмааи нақлиёту роҳ ва дар умум баҳри пешрафти кишвар бояд ҷавонон доимо дар сафи пеш ва саҳмгузор бошанд.

  Ишторкдорон дар суханрониашон ҷавонони соҳаро ба пайравӣ аз сиёсати пешгиифтаи Пешвои миллат, ҳифзи озодиву осудагии кишвар ва иштироки фаъолона дар пешрафти кор даъват намуданд.

   Аз ҷониби ҷавонони соҳа таклифу дархостҳо оид ба дастгирии ҷавонон ироа гардиданд.