• Tajik
  • Русский
  • English

Қадрдонӣ намудани шахсони софдилу меҳнатдӯст, ки дар ободии ҳаёти кишвар саҳми муносиб мегузоранд, аз беҳтарин анъанаи суннатҳои ҷомеаи озод ва инсондӯст мебошад. Чанд рӯз қабл дар ҷаласаи ҳайати Мушовараи Вазорати нақлиёти ҶТ яке аз фаъолони соҳа марди шариф, покизакор ва софдил Ҳасан Хошаков бо унвони баланд «Нақлиётчии фахрӣ» мушарраф гардид. Ин марди шариф дар соҳаи нақлиёт аз соли 1952 ба ҳайси ронанда вориди кор шуда, тамоми умр дар автобазаҳои боэътибори ҷумҳурӣ пурмаҳсул ва бедуни нуқс кор кардааст. Борҳо бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои модиву маънавӣ тақдир карда шудааст. Унвони баланди соҳаи нақлиёт, Нишони сарисинагии «Нақлиётчии фахрӣ»-ро ба собиқадори меҳнат Ҳасан Хошаков вазири нақлиёти ҶТ Худоёрзода Худоёр дар ҳузури аҳли маҷлис тақдим карда, барои заҳмати тӯлонии софдилона ба ӯ изҳори сипос намуд ва илова кард, ки аз чунин шахсони соҳибтаҷриба бояд ибрат гирифт.