• Tajik
  • Русский
  • English

Ҷаласаи назоратии назди Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки ҳар ҳафта бо иштироки роҳбарон ва масъулини вазорат ва зерсохторҳо баргузор мегардад, ҳамин ҳафта аз он оғоз гардид, ки сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Дастгоҳи марказии вазорат Озода Сайвалиеваро барои ба кори дигар гузаштанаш дар сохтори дигар қадрдонӣ карданд. Вазир оид ба фаъолияти босамари бонувон дар ҷомеа ибрози назар намуда, қайд кард, ки Озода Сайвалиева аз ҷумлаи он бонувонест, ки бо фаъолияти бенуқсонаш дар рушди соҳа  дар қатори мардон саҳм гузоштааст. Вазир дар фаъолияти минбаъдаи ин бонуи кордон сарбаландӣ ва  муваффақиятҳои тоза таманно намуда, аз номи роҳбарияти вазорат ва кормандон барояш туҳфаи хотиравӣ супурд.

Озода Сайвалиева барои қордонӣ ба Вазир изҳори сипос намуда, гуфт, ки ҷавонон низ бояд имрўзҳо тамоми нозукиҳои касбро сари вақт дар давоми фаъолият аз худ намоянд, то дар оянда дар рушди кишвар саҳмгузор бошанд.