• Tajik
  • Русский
  • English

Рӯзҳои 15-16 июли соли 2021 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба мавзӯи “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо” иштирок  намуд.

    Мақсади асосии чорабинии байналмилалӣ ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини алоқаи мутақобилан судманд байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар самти нақлиёту логистика, энергетика, савдо, сармоягузорӣ ва ғайраҳо равона гардида буд.