• Tajik
  • Русский
  • English

  Дар доираи таҷлили ҷашни бошукуҳи 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамомои манотиқи кишвар чорабиниҳои идона диор гардида, намояндагони гуруҳои кории ҷашнӣ дар қаторои сокинони маҳал дар ҷашнҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

  Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим низ ба ҳайси намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҷлили 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рўшон аз 6 то 9 сентябри соли равон ибарои иштирок дар ҷорабиниҳои идона дар ноҳияи Рўшон қарор дошт. Дар чорабинии идона, ки 6 сентябри соли равон дар ноҳияи Рўшон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид, вазири нақлиёт ҳамроҳи раиси ноҳияи Рўшон Додихудо Фаррух ва масъулини дигари ноҳия аз намоише, ки аз ҷониби масъулини идораву муассисаҳо, бонувони чирадасти маҳаллаҳои маркази ноҳия, ҳунармандон ва корхонаву сехҳои истеҳсолӣ ба намоиш гузошта шуданд, дидан намуда, ба маҳсули дасти пурэъҷози онҳо баҳои сазовор дод.

  Пас аз намоиш дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки меҳмонон, роҳбарият ва кормандони идораву муассисаҳо маҷлиси тантанавӣ ва барномаи рангини консертӣ баргузор гардид.

  Дар доираи таҷлили ҷашни Истиқлол роҳбари гурӯҳи корӣ дар ноҳия, Азим Иброҳим ва раиси ноҳия Додхудо Фаррух бо фаъолон, собиқадорон ва сокинони Водии зебоманзари Хуф вохурӣ намуда, ба муносибати ин санаи таърихӣ ҳозиринро табрик намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ, бархе аз собиқадорон ва фаъолони водии Хуф бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

  Бояд тазаккур дод, ки пас аз бозгашти сафари корӣ аз водии Хуф, намояндагони ҳукумати кишвар дар деҳаи Пастхуф аз фаъолияти босамари "Корхонаи хурди пойафзолдузии чармин" - и соҳибкорони ҷавону ватандӯсти ин деҳа дидан намуда, аз фаъолияти онҳо қаноатмандӣ изҳор намуд.

  Вазири нақлиёт 7 сентябри соли равон паради ҳарбӣ, ки дар Боғи Парчам ва даромадгоҳи шаҳраки Вамари ноҳияи Рӯшон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир гардид, иштирок дошт.

  Баъди гузориши комиссари ҳарбии ноҳияи Рӯшон майор Хоркашов Хоркаш оид ба омодагии ҷузъу томҳо Суруди миллӣ садо дода, сипас раиси ноҳияи Рӯшон Додхудо Фаррух ва вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар назди иштирокчиён суханронӣ намуда, паради низомии ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, захираҳои сафарбарӣ, афсарону сарбозони комендатураи ноҳия ва дигар сохторҳои қудратӣ доир гардид.

  Субҳи рўзи 8 – уми сентябр роҳпаймоии кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сокинони ноҳия аз назди бинои Мақомоти маҳаллӣ то боғи фарҳангии ноҳия баргузор гардид,ки дар он вазири нақлиёт Азим Иброҳим низ ширкат варзид.

 Сипас, меҳмон, роҳбарияти ноҳия ва сокинону иштирокдорони роҳпаймоӣ ба боғи фарҳангии ноҳия ворид гашта, аз барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги ноҳия таҳти унвони “Файзи истиқлол” иштирок доштанд.

 Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим аз фарҳангдустиву ҳунармандии мардуми меҳмоннавози Рўшонзамин сухан карда, барои омода намудани чунин барномаи рангину ҷолиб изҳори миннатдорӣ карда, иштирокдорон ва кулли мардуми Рўшонро бори дигар ба муносибати ҷашни бузург аз самими қалб табрик гуфт ва арз дошт, ки бигузор сулҳу субот ва дустиву рафоқат дар мамлакат ва байни тамоми халқиятҳо ҳамеша пойдору ҷовидон боқӣ монад.