• Tajik
  • Русский
  • English

Вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр Завқибек рўзҳои 5-6 декабри соли 2019 барои иштирок дар Конфронси 20-уми ТРАСЕКА, ҳамчунин 14-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ (КБҲ ТРАСЕКА) дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон қарор дошт.

Дар ин сафар  вазири нақлиётро Ёқубзода Фарида - котиби миллии Котиботи доимии ТРАСЕКА  дар Тоҷикистон ва Маҳмудов Фируз – муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёт ҳамроҳӣ намуданд.

Конфронси ҷашнӣ ва ҷаласаи навбатии (КБҲ) ТРАСЕКА аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Озорбойҷон ташкил карда шуда, дар он раисони комиссияҳои миллии КБҲ ТРАСЕКА аз 13 кишвари аъзо, аз ҷумла Арманистон, Булғористон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озорбойҷон, Руминия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Узбекистон ва Эрон, инчунин, кишвари нозир Латвия ва намояндагони Бонкҳо (Бонки Осиёгии рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, институти ҲИМОМ, Фонди байналмилалии роҳ ва ғайра) ширкат варзиданд.

         Конфронси ҷашнии ТРАСЕКА бахшида ба 20 солагии баимзорасии Созишномаи асосӣ оид ба рушди долони нақлиётии ТРАСЕКА бо раисии Микаил Ҷабборов - вазири иқтисоди Озорбойҷон оғоз гардида, суханҳои пазироӣ ва табрикотии Президенти Озорбойҷон қироат карда шуд.

         Дар рафти Конфронс дастовардҳои кишварҳои аъзо дар тули 20 соли фаъолияти барномаи ТРАСЕКА шунида шуд, ки дар қатори дигар роҳбарони ҳайатҳо, баромади вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шунида шуд.

         Намояндагони кишварҳои нозир ва ташкилотҳои молиявӣ дар рафти баромадҳои худ аҳамияти хоси ҳамкориро дар доираи барномаи ТРАСЕКА қайд намуда, омодагии худро барои ҳамкории минбаъда бо ТРАСЕКА иброз намуданд.

 Кори ҷаласаи чордаҳуми КБҲ ТРАСЕКА таҳти раисии Котиби генералии котиботи доимӣ ҷаноби Мирча Чиопрага оғоз гардида, пас аз ҳисоботи ў нисбат ба фаъолияти барномаи аз давраи ҷаласаи сездаҳум то ҷаласаи чордаҳум, раисӣ дар КБҲ ба Ҷумҳурии Озорбойҷон (ба вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Озорбойҷон ҷаноби Микаил Ҷаббаров) супорида шуд.

 Дар рафти ҷаласа ҳисоботи раисони комиссияҳои миллӣ оид ба натиҷаи иҷрои қарорҳои маводҳои хотимавии ҷаласаи сездаҳум шунида шуд.

Қариб тамоми роҳбарони ҳайатҳо аз коҳиш ёфтани фаъолияти ТРАСЕКА дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ изҳори нигаронӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки дар ин ҷода  барномаи ТРАСЕКА бояд фаъол гардад.

Дар рафти ҷаласа, тибқи барномаи корӣ, 8 масъалаи корӣ, мавриди муҳокима қарор гирифтанд:

1. Иҷрои нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи стратегияи рушди долони ТРАСЕКА барои солҳои 2018-2021;

2. Тасдиқи дастурамал оид ба расмиёти убури сарҳадҳои кишварҳои аъзои ТРАСЕКА;

3. Иҷрои самтҳои афзалиятнок барои татбиқи чорабиниҳои вобаста ба стратегияи рушди долони ТРАСЕКА;

4. Натиҷаҳои истифодабарии системаи рухсатномаҳои бисёрҷонибаи ТРАСЕКА;

5. Ёддоштҳои тафоҳум байни котиботи доимии ТРАСЕКА ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

6. Рафти шомилшавии кишварҳо ба созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли мултимодалӣ;

7. Маблағгузории Котиботи доимии ТРАСЕКА;

8. Интихоби котиби генералии ТРАСЕКА;

9. Макони баргузории ҷаласаи навбатии ТРАСЕКА.

Дар асоси барномаи корӣ, интихоботи котиби генералии нав, тибқи низомномаи КБҲ ТРАСЕКА дар шакли пушида, яъне танҳо бо иштироки роҳбарони ҳайатҳо ва котибони миллии кишварҳои аъзо сурат гирифт.

Қабл аз шурўи интихобот барномаҳои минбаъда ва нашаҳои номзадҳо барои  фаъолият ба ҳайси котиби генералӣ шунида шуд.

Дар натиҷа, дар асоси консенсус кишварҳои аъзо аз 3 номзади пешниҳодшуда (Қазоқистон, Руминия ва Украина) намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асабаев Асет Асановичро, ки 50 дар сади овозҳоро соҳиб шуд, дастгирӣ намуданд.

Дар асоси банди 9 ва тибқи тартиби муқарраргардида, муайян карда шуд, ки ҷаласаи навбатии КБҲ ТРАСЕКА охири соли 2020 дар Булғористон доир карда мешавад, ки оид ба макон ва санаи дақиқ тавассути роҳҳои дипломатӣ ва котиботи доимӣ, кишварҳои аъзо огоњ карда мешаванд.

Қобили қайд аст, ки чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Озорбойҷон дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуда, ба тамоми Ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ТРАСЕКА, аз ҷумла ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани иштироки раиси комиссияи миллӣ дар чорабиниҳо изҳори миннатдорӣ карда шуд.