• Tajik
  • Русский
  • English

  Дар доираи сафари корӣ барои иштирок дар чорабиниҳои идона дар ноҳияи Рўшон вазири нақлиёт Азим Иброҳим ба шаҳри Хоруғ сафар карда, дар ҷаласаи тантанвии ҷашни роҳдорону нақлиётчиёни ВМКБ дар  идораи МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомбилгард» иштирок ва суханронӣ намуд.

  Дар суханрониаш вазири нақлиёт аз заҳматҳои бадастовардаи Пешвои миллат дар ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои дар замони соҳибистиқлол ба дастомада дар кишвар ва ҳамчунин соҳа ҳарф зада, изҳор дошт, ки ҳамаи ин ҳидоятҳо ва ташаббуси Сарвари хирадманди давлат ва заҳмати шабонарўзии мардуми кишвар буд, ки ба чунин рўзи саид расидем.

  Вазири нақлиёт аз иштрокчиёни чорабинӣ, ки аз роҳбарияту кормандони МДНРА – ҳои ИХРА – и ВМКБ, Раёсати ХДНТ дар соҳаи нақлёт ва МД «Нақлиёти автомбилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» даъват ба амал овард, ки ба қадри Истиқлолу озодии кишвар расида, баҳри рушду такомули соҳа ва осудагии кишвар бояд аз ҳар ҷиҳат саҳмгузор бошанд.

  Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ҳамчунин намояндагони соҳаро, барои саҳми аразанда ва фаъолона гузоштан дар пешравии кор ва  бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо Ифтихорномаҳои Вазорати нақлиёт сарфароз гардонд.

  Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён барои табрикот ва қадрдонӣ ба вазири нақлиёт арзу минатдории худро баён намуданд.