• Tajik
  • Русский
  • English

Рӯзи 22-уми январи соли равон дар Вазорати нақлиёти ҶТ ҷаласаи ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақтиётчӣ» баргузор гардид. Дар ҷаласа вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор иштирок доштанд.

Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома ҳисоботи раиси ташкилоти иптидоии ҳизбӣ Нуринисо Бобоева шунида шуд.

Мавсуф қайд кард, ки гузарондани маҷлиси имрӯзаи мо ба даврае рост омадааст, ки тамоми вазорату сохторҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла Вазорати нақлиёти кишвар низ баҳри амалӣ намудани дастурҳои Раиси ҲХДҶТ, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байонгарди ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни дар пешистодаи 30 –солагии истиқлолияти давлатии мамлакат, кушишу ғайрат намуда  истодаанд.

Мутобиқи масъалаи дуюми рӯзнома нақшаи кории ташкилот барои соли 2021-ро аз ҷониби аъзоён муҳокима ва қабул гардид.

Ҳизбиён инчунин ҳайати нави раёсати ташкилоти иптидоиро  интихоб намуданд. Вазири нақлиёт  Азим Иброҳим ба ҳайси Раис, Раиси Иттифоқи касабаи роҳу нақлиётчиёни ҶТ Нуриниссо Бобоева муовин ва Мирзоализода Ҳошим котиби ташкилоти ибтидоӣ якдилона интихоб гардиданд.