• Tajik
  • Русский
  • English

Имзои ду Созишнома бо намояндагони «JICA»

Рўзҳои 22 - уми ноябри соли равон дар Вазорати нақлиёти ҶТ ҷаласаи муҳокимаи лоиҳаи оғоз гардидани корҳои тадқиқотӣ-лоиҳакашӣ ҷиҳати азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар, қитъаи Қизил Қалъа –Бохтар баргузор гардид.

Дар ҷаласа вазири нақлиёти ҶТ Худоёрзода Худоёр, муовини якуми вазири нақлиёт Суҳроб Мирзоев ва намояндагони «JICA» иштирок доштанд.

Ҷонибҳо дар ҷаласа масъалаи оғоз гардидани корҳои тадқиқотӣ-лоиҳакашии азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе- Бохтар, қитъаи Қизил Қалъа-Бохтарро мавриди муҳокима қарор доданд.

Вазири нақлиёт қайд кард, ки Вазорати нақлиёт имрўзҳо дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷалби маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, ҳамкории зичро бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон «JICA» оид ба маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи «Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар» ба роҳ мондааст.

Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон «JICA» аз 17 апрели соли 2018 бо сафарбаркунии коршиносони худ, корҳои тадқиқотӣ-омўзишии қитъаи роҳ аз шаҳри Бохтар то мавзеи Қизил Қалъаро бо дарозии тақрибан 10км (то наздикии пул аз болои дарёи Вахш) ҷиҳати омода намудани арзиши он ва маблағгузории минбаъда тариқи грант, оѓоз намуда буд. Корҳои мазкур дар муддати ду сол идома доштанд.

Сипас вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр бо сармуҳандиси ширкати лоиҳакашӣ-машваратии “CTII” (Ҷопон) Масатоши Шибата ду созишнома оид ба Лоиҳаи муфассали “Таҷдиди роҳи қитъаи Қизил Қалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” ва Назорат аз болои лоиҳаи мазкурро ба имзо расониданд.

 

Г. Ватаншо.