• Tajik
  • Русский
  • English

  Баъди ифтитоҳи Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16,1 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро, ки солҳои дароз таъмирталаб буд, баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

  Тавре иттилоъ дода шуд, ин шоҳроҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои буҷетӣ ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ пурра навсозӣ гардидааст.

  Таҷдиди роҳи мазкур аз охири соли 2020-ум оғоз шуда, бо истифода аз техникаи муосир ва ҷалби мутахассисони соҳа дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

  Роҳ дар масофаи 13,1 километр то даромадгоҳи шаҳраки “Москва” бо паҳноии 7,5 метр асфалтпӯш гардидааст.

  Зимни муаррифи лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳ иттилоъ дода шуд, ки дар доираи навсозии роҳ дар ҳудуди деҳоти Меҳнатобод ва Қаҳрамон 4 пул низ таъмиру навсозӣ гардидаанд.

  Дар доираи вусъати тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабинии солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ин давра дар ҳудуди деҳоти Меҳнатобод, Қаҳрамон, Панҷоб ва Чубеки ноҳия бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони ватандӯст роҳҳи маҳаллӣ низ асфалтпӯш карда шудааст.

  Дар маҷмуъ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба истиқболи ҷашни миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар масофаи беш 30 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пурра асфалтпӯш карда шудааст.

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдиду навозии роҳ ташаббуси соҳибкоронро дар самти навсозии роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳудуди ноҳия намунаи олии ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти кишвар арзёбӣ карданд.