• Tajik
  • Русский
  • English

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳафтаи гузашта роҳбари Намояндагии Агентии Ҳамкориҳои Байналмилалии Ҷопон (JICA) Хидеки Танаберо ба ҳузур пазируфт.

Вазири нақлиёт нахуст ба Агентии ҳамкориҳи байналмилаии Ҷопон (JICA) барои дастгирии молиявӣ дар рушди бахши нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз соҳаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад, изҳори сипос намуд.

Таъкид карда шуд, ки ба шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон яке аз долонҳои калидии нақлиётию транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои ҷудошудаи Ҳукумати Ҷопон дар соҳаи нақлиёт дар давраи аз соли 2007 то 2013, 6 лоиҳаи барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон ба маблағи умумии 105,2 миллион доллари ИМА бо дарозии 87,26 км, дар давраи аз соли 2013 то 2018 - 2 лоиҳа барои хариди мошину таҷҳизот барои нигоҳдории роҳҳо дар минтақаҳои Бохтар ва Кўлоби вилояти Хатлон, минтақаи Ҳисор ва вилояти Суғд ба маблағи умумии 28,9 миллион доллар, ки дар асоси он 333 мошин ва таҷҳизот харидорӣ шудааст, амалӣ гардиданд.

Аз соли 2013 то 2016 бошад, лоиҳаи ҳамкории техникии «Беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳо» ба маблағи умумии 2,9 миллион доллари ИМА амалӣ шуд, ки дар доираи он мутахассисони соҳаи роҳ бо истифода аз таҷрибаи мутахассисони Ҷопон дар истифодаи мошину таҷҳизоти таъмир ва нигоҳдории роҳҳо аз омўзиш гузаштаанд.

Инчунин аҳамияти Лоиҳаи татбиқшудаисто-даи ҳамкориҳои техникии «Такмили иқтидор дар идоракунии пешгирии офатҳои табиӣ дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маблағи умумии 3,6 миллион доллар, ки афзоиши иқтидори Вазорати нақлиёт ва воҳидҳои мақсадноки он барои андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ пешбинӣ шудааст, таъкид карда шуд.

Вазири нақлиёт дар робита ба лоиҳаи «Барқарорсозии қитъаи роҳи автомобилгарди Кизилқалъа-Бохтар» бо ишора ба аҳамияти он барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар аз роҳбари Агентии JICA хоҳиш намуд, ки дар тезонидани тендер бо иштироки намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ва ё тариқи видеоконфронс бо намояндагони Вазорати нақлиёт мусоидат намояд.

 Дар навбати худ, роҳбари Намояндагии Агентии JICA Хидеки Танабе ба вазири нақлиёт барои пазироии самимӣ миннатдорӣ баён намуда, ўро ба муносибати ба вазифаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъ - ин шуданаш табрик гуфт.

Зикр гардид, ки байни Агентии JICA ва Вазорати нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати хеле наздик ва дўстона барқарор шудааст, ки инро лоиҳаҳои амалишавандае, ки дар ин мулоқот зикр гардиданд, собит месозанд ва Агентии JICA ният дорад, ки минбаъд ҳам соҳаи нақлиёти Тоҷикистонро ҳаматарафа дастгирӣ кунад.

Хидеки Танабе ба лоиҳаҳои амалишаванда оид ба барқарорсозии роҳҳо ишора намуда, дуруст истифодабарии роҳҳои ҷумҳурӣ ва техникаи нигаҳдории онҳоро, ки бо ҷалби сармояҳои калон сохта ё таҷдид мешаванд, муҳим арзёбӣ намуд.

Хидеки Танабе  иттилоъ дод, ки бо қарори роҳбарияти Агентии JICA ў ба вазифаи муовини директори генералии Департаменти Шарқ ва Осиёи Марказӣ ва Мунео Такасака ба ҷои ў роҳбари намояндагии Агентии JICA дар Тоҷикистон таъин карда шуд, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон меояд. Хидеки Танабе бо боварӣ изҳор дошт, ки  дар вазифаи нав низ лоиҳаҳои Тоҷикистон оид ба рушди нақлиётро дастгирӣ хоҳад кард.

Вазири нақлиёт ҳамчунин пешниҳод кард, ки дархостҳои грантии лоиҳавии соҳаро барои лоиҳаи “Хариди мошинҳо ва таҷҳизоти махсус барои нигоҳдории роҳҳо” ва лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Балҷувон-Сарихосор”, ки ба баррасии ҷониби Ҷопон аллакай ирсол шудаанд, ҳамчунин, хариди мошину таҷҳизот барои нигоҳдории роҳҳои минтақаи Рашт ва ВМКБ - ро дастгирӣ намояд.

Илова бар ин вазир аз Хидеки Танабе хоҳиш кард, ки масъалаи кумаки техникӣ дар шакли таъмини шуъбаҳо ва утоқҳои Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт ва муассисаҳои минтақавӣ оид ба нигоҳдории роҳҳоро бо компютерҳои замонавӣ баррасӣ кунад.

Дар фарҷоми вохўрӣ ҷиҳати эҳтиром ва сипосгузорӣ аз ҷониби Азим Иброҳим ба Хидеки Танабе туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.