• Tajik
  • Русский
  • English

  Дар робита ба сар задани ҳодисаҳои табиӣ, аз ҷумла, омадани селу ярч дар минтақаҳои ВМКБ, Суғд ва Рашт фавран аз ҳисоби мутахассисони соҳа гуруҳҳои корӣ оид ба бартарафкунии оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ барои кумаки иловагии тахассусӣ расондан ба минтақаҳои мазкур сафарбар гардида, хисороти ба роҳҳо расидаро дар муддати кутоҳ ҳисоб ва барои бартараф кардани он чораҷўӣ намоянд, - супориш дод вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба масъулини соҳа дар ҷаласаи назоратӣ.

  Бояд қайд кард, ки моҳи сипаришуда, дар натиҷаи гармашавии ҳаво дар водии Бартанги ВМКБ, ноҳияи Лахши минтақаи Рашт роҳи Айнӣ – Панҷакенти минтақаи Суғд ва дигар мавзеъҳо сел фуромада, роҳҳоро вайрон кардаанд. Аз ҷониби роҳдорони кишвар ба ҷойи селфуро техника ва қуваи корӣ сафарбар гардид. Ба худи водии Бартанг 4 техникаи роҳтозакунӣ ва 12 тонна  солярка равон гардида, роҳҳо дар минтақаҳо аз селу ярч тоза шуда, дар баъзе ҷойҳо бартарафсозӣ идома дорад.

  Вазири нақлиёт масъулини соҳаро вазифадор кард, ки ҳолати техника ва мошиниолоти роҳнигоҳдориро зери назорат гирифта, аз ҳозир ба зимистон омодагӣ бинанд!

  Вазир аз ҳамкории МДНРА – ҳо бо Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияҳо дар масъалаи нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ изҳори нигаронӣ намуда, масъулини соҳаро дастур дод, ки ин масъаларо мавриди омўзиш қарор дода, оид ба ҷудо гардидани маблағҳо аз ҷониби МИҲД, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои нигоҳдории роҳҳо пешбинӣ гардидааст, ҳисоботи дақиқ пешниҳод намоянд.