• Tajik
  • Русский
  • English

    Имрӯз гуфтушуниди Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим бо Намояндаи навтаъини доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон – хонум Шенни Кэмпбелл ба таври маҷозӣ доир гардид. 

Зимни вохурӣ ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз ҳамкории Бонк бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи лоиҳаҳои соҳаи роҳу нақлиёт ибрози назар намуда, қайд намуданд, ки минбаъд низ ҷиҳати боз ҳам густариши ҳамкориҳо ва мусоидат дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард.