• Tajik
  • Русский
  • English

Рӯзҳои 7-8 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бангкок, Шоҳигарии Тайланд, ҷаласаи дуюми Форуми Вазирони наклиёти Осиё баргузор гардид. Форум кори худро субҳи 7-уми ноябри соли ҷорӣ таҳти раисии хонум Ноелин Ҳейзер – Ҷонишини Котиби Генералии Созмони Миллали Муттаҳид ва Котиби иҷроияи ЭСКАТО ООН оғоз намуд. Дар кори форум намояндагони 22 давлат: Арманистон, Бангладеш, Ветнам, Корея, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаос, Мянма, Малайзия, Непал, Озорбойҷон Россия, Тайланд, Туркия, Хитой,
Ҷопон, Шри Ланка, Эрон, Ҳиндустон, инчунин, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Ниммаи аввали рӯзи 7 ноябр, баромади вазирон ва роҳбарони ҳайатҳо оид ба рушди соҳаи нақлиёт шунида шуда, ҳисоботи ҷаласаи Намояндагони баландпоя ва ҷаласаи коршиносон оид ба рушди шабакаи роҳҳои оҳани Транс-Осиё, ки рӯзҳои 4-6 ноябр доир гардид, қабул карда шуд. Ҳамзамон, ниммаи дуюми рӯзи 7 ноябр, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба бандарҳои хушкигард аз ҷониби 15 давлати аъзои ЭСКАТО ООН, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Рӯзи 8 ноябр иштирокчиёни Форум мавзӯи рушди соҳаи нақлиёт ва имкониятҳои интегратсияи онро баррасӣ намуда, Изҳороти (Декларатсия) Вазирони нақлиётро муҳокима ва қабул намуданд.
Қобили қайд аст, ки дар доираи Форум, намоишгоҳи вобаста ба мавзӯи Рушди устувори нақлиётӣ баргузор шуд, ки дар он дастовардҳои кишварҳои аъзо ба ҳозирин пешниҳод шуд. Дар маҷмӯъ, Форум ба ҳадафи асосии худ – коркарди тавсияҳои муфид ҷиҳати рушди соҳаи нақлиёт ва баимзорасонии созишномаи байниҳукуматӣ оид ба бандарҳои хушкигард муваффақ шуд.