• Tajik
  • Русский
  • English

  Рўзи 21– уми сентябри соли равон дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани Кумитаи Иттифоқи Касабаи Кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Дар кори Анҷуман мовини вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои ҶТ Нуринисо Бобоева, сардорон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва кормандони Вазорати нақлиёт иштирок доштанд.

  Ҷаласаро раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагти роҳҳои ҶТ Нуринисо Бобоева оғоз намуда, оид ба фаъолияти солонаи соҳа баҳри иштрокдорон маълумот дод.

  Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ёдовар шуда, вобаста ба зиёд намудани шумораи аъзои иттифоқи касаба, бастани шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳои соҳавӣ, ҷоннок намудани ҳамкории сохторҳои иттифоқҳои касаба дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо шўрои Иттифоқи касаба, бо кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, таъминот бо кадрҳои омўзгорӣ ва дигар мушкилиҳои соҳа ибрози андеша намуд.

  Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурозода Шоиста аз фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо  изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки минбаъд низ баҳри рушди ҳамкорӣ тамоми чораҳо андешида мешаванд.

  Сипас сардорони ва раисони ташуилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соҳа оид ба мушкилот ва пешрафти кор ибрози андеша намуданд.

  Дар охир вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул  ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда мушаххас гардиданд.

 Инчунин барои кормандоне, ки дар пешрафти кори Иттифоқи касаба фаъолияти хуб нишон доданд аз тарафи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагти роҳҳои ҶТ Нуринисо Бобоева ифтихорномаҳо ва туфаҳои хотиравӣ супорида  шуданд.