• Tajik
  • Русский
  • English

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон мекунад:

 

Номгўйи мансаб

Номгўйи категория

Музди меҳнат

(бо ҳисоби сомонӣ)

1

Cармутахассиси шуъбаи нигоҳдорӣ, банақшагирӣ ва баҳодиҳии Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо

Категорияи панҷум

1380

2

Мутахассиси пешбари Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо

Категорияи шашум

1124,70

      

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

 

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотномаи тиббии шакли 038 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА).

  

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо - шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ -14

Телефон барои тамос: 222-22-29, 222-22-03, почтаи электронӣ: info@mintrans.tj,

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун.