• Tajik
  • Русский
  • English

Ба таваҷҷуҳи мусофирони қатораҳои роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон ҳаракати қаораҳои мусофирбарии байналмилалии ҳамаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки аз қаламрави Қазоқистон мегузарад, то ба эътидол омадани вазъият дар ин давлат аз 17 марти соли 2020 муваққатан манъ намудааст.

Бо назардошти ин аз шаҳрвандоне, ки ба қатораҳои самти Федератсияи Россия чипта (билети поезд) харидорӣ намудаанд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки бо мақсади пешгирии сироятёбӣ аз ин беморӣ муваққатан аз сафар худдорӣ намоянд.