• Tajik
  • Русский
  • English

  Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ аз дуруст ба роҳ мондани раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёт изҳори нигаронӣ карда, супориш дод, ки ҷиҳати тезондани кор дар ин самт бояд масъулин аз тамоми имконот истифода намоянд. Дар сурати дар вақти муайян иҷро нагардидани супориш нисбаташон тадбирҳо андешида шаванд. Вазир аз он изҳори норозиги кард, ки бо сабаби нодуруст ба роҳ мондани ҳисобот саҳми Вазорати нақлиёт дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар таҳлили аниқро намеёбад. Айни ҳол ин нишондод 5-7 фоизро ташкил медиҳанд. Бояд ин нишондод ва саҳми Вазорат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба маротиб афзун гардад, зеро имкониятҳо вуҷуд доранд. Танҳо тарзи дурусти фаъолиятро тақозо дорад.

    Вазири нақлиёт масъулини соҳаро ҳамчунин вазифадор кард, ки масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос, тақсими дурусти техника ва мошинолоти нигаҳдории роҳҳо бо дарназардошти омӯзиши шароити минтақаҳо, ба таври воқеӣ ба роҳ монда шавад.

   Масъулини соҳа ҳамчунин оид ба суръатбахшии корҳо дар иншооти ҷашнӣ, ташкили кори сифатнок дар лоиҳаҳо, диққат додан ба суратҳисоби махсус дастурҳо гирифта, ҷиҳати иҷрои онҳо муҳлатҳо муайян гардиданд.

   Вазири нақлиёт пешниҳод кард, ки тартиби додан ва муайян кардани мукофотҳои соҳаи нақлиёт таҷдиди назар шуда, таҳлил ва пешниҳод карда шавад.