• Tajik
  • Русский
  • English

Дар мавриди лоиҳаи ба анҷомрасонии сохтмони нақби Истиқлол рӯзи 19- уми ноябри соли равон миёни ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрии корӣ баргузор гардид.
Аз ҷониби вазорат ҳамчунин мутахассисон, роҳбарияти «Пажӯҳишгоҳи илмӣ - татқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ», МД «Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода», намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ШСХК «Барқи Тоҷик», Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи роҳдорӣ, аз ҷониби эронӣ бошад, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати тавсеаи манобеи об ва нерӯ намояндагони ширкатҳои «Фароб», «Собир», «Сад два туннели Порс», масъулини сохтмони нақби Истиқлол ва дигарон ширкат доштанд.
Вазири нақлиёти ҶТ Низом Ҳакимов бо дарназардошти аҳамияти стратегӣ доштани нақби Истиқлол барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид намуд, ки ҷонибҳо бояд ҳарчӣ зудтар ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонии боқимондаи нақб чораҳои зарурӣ андешида шавад.