• Tajik
  • Русский
  • English

         Рӯзи 18-уми сентябри соли 2020 дар толори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бо мақсади ҳамовозӣ аз муроҷиатномаи вакилони Анҷумани 14 Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии номзади Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ “Ҳамоиши кормандони ҷавони  соҳаи нақлиёту роҳ” доир гардид. Дар ҳамоиш муовини вазири нақлиёти ҶТ Саидмуродзода Шоиста, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва кормандони ҷавони соҳа иштирок намуданд.

          Зимни ҳамоиш - роҳбарияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, кормандони ҷавони соҳа, собиқадорони соҳаи нақлиёту роҳсозӣ баромад намуда, номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустаъқили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ҲХДТ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи навбатии дар пешистода ҳамчун номзади арзандаву беназир  ҷонибдорӣ намуданд.