• Tajik
  • Русский
  • English

Ҷашни рӯзи Парчам дар Вазорати нақлиёт

Дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёти ҶТ 24- уми ноябри соли равон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.

Нахуст муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода аз номи  роҳбарияти вазорат ҳозиринро бо ин ҷашн табрик намуда, аз манзалату ҷойгоҳи Парчами давлатӣ ба сифати яке аз арзишҳои муқаддаси миллӣ аз сайри таърихии он сухан кард.

Парчами миллӣ нишони истиқлол ва соҳибихтиёрии ҳар давлат буда, кишварҳо тавассути парчами худ пеши ҷаҳониён муаррифӣ мегарданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон аст ва дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти давлатӣ ба шумор меравад, ки дар Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - моҳи ноябри соли 1992 қабул гардидааст.   Сарнавишти Парчами нави миллати тоҷик аз ҳамин ҷаласаи таърихӣ, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида буд, ибтидо мегирад, гуфт муовини вазир.

Баъдан Мудири бахши ҳуқуқи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Мақсуд, мутахассиси Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ Музаффарзода Марҷона, корманди ҳафтаномаи  “Нақлиёт” Ҳикмати Неъмат ва сардори бахши кадрҳои КВД “ПЛИН” Хоҷаев Муҳаммадӣ дар бораи моҳият, таърих ва муҳимияти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.