• Tajik
  • Русский
  • English

  18 августи соли 2021 таҳти раёсати сардори КВД «Роҳи оҳни Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон ҷаласаи сеюми роҳбарони идораҳои роҳи оҳани кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай тариқи маҷозӣ (тавассути видеоконфронс) баргузор гардид.

  Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони маъмуриятҳои роҳи оҳани кишварҳои узви СҲШ - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, инчунин Котиботи СҲШ  иштирок намуданд.

  Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо иҷрои қарорҳои ҷаласаи дуюми роҳбарони маъмуриятҳои роҳҳои оҳани кишварҳои узви СҲШ-ро, ки 19 сентябри соли 2019 дар шаҳри Нур-Султон доир гардида буд, баррасӣ карданд.

  Ҷонибҳо оид ба татбиқи Консепсияи ҳамкории маъмурияти роҳҳои оҳани кишварҳои узви СҲШ ва нақшаи кории ҷаласаи сарони маъмуриятҳои роҳҳои оҳани кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2022  мубодилаи афкор намуданд.

  Ҳамчунин дар робита ба паҳншавии сирояти коронавирус (COVID-19), боздоштани ҳамлу нақли мусофирон тавассути роҳи оҳан дар хатсайрҳои  байналмилалӣ дар  қаламрави кишварҳои узви СҲШ изҳори нигаронӣ карданд.

  Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки чораҳои пешгирии паҳншавии сирояти коронавирусро дар амалисозии ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон бо мақсади ҳарчи зудтар барқарор кардани онҳо тақвият диҳанд.

  Ҷонибҳо ба мувофиқ арасиданд, ки дар  густариши ҳамкорӣ дар навсозии роҳи оҳан бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори онҳо тавассути ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории мутақобила, табодули маълумот дар бораи самтҳои афзалиятноки сохтмон ва навсозии хатҳои роҳи оҳани мавҷуда, ки кишварҳои узви СҲШ -ро мепайванданд, мусоидат кунанд.

   Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли мултимодалӣ аз ҳисоби такмили системаи ҳамкорӣ бо дигар намудҳои нақлиёт ва ташкили ҳамлу нақли бор, кам кардани арзиши интиқоли мол дар ҳамлу нақли байналмилалӣ, оптимизатсияи кори бор имконпазир аст.

  Ҷонибҳо таъкид карданд, ки аз оғози паҳншавии сирояти коронавирус афзоиши ҳаҷми интиқоли бор дар қаторҳои контейнерӣ ба мушоҳида мерасад. Дар шароити душвор нақлиёти роҳи оҳан хуб кор мекунад ва дар таъмини субот ва эътимоднокии занҷираи истеҳсолот ва таъминот, аз ҷумла таҳвили молҳои зарурӣ ба ҳама минтақаҳои зарардидаи COVID-19 нақши муҳим дорад.

  Ҷонибҳо таъкид карданд, ки таҷрибаи интиқоли мол дар ҳамлу нақли байналмилалӣ дар доираи СҲШ самаранокии истифодаи қаторҳои контейнериро пеш аз ҳама аз ҳисоби кам кардани мӯҳлати таҳвили молҳо нишон дод. Зарурати андешидани чораҳо оид ба зиёд кардани қаторҳои контейнерӣ дар ҳаракати байналмилалӣ қайд карда шуд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди босифат, бехатар ва устувори ҳамлу нақли қатораҳои контейнерӣ тадбирҳои мушаххасро таҳия мекунанд.

  Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки рушди марказҳои нақлиётию логистикии муосир барои фаъолияти муассири системаи нақлиётии кишварҳои узви СҲШ муҳим аст.

  Тарафҳо ҳамчунин дар бораи зарурати андешидани чораҳои муштарак оид ба рушди ҳамбастагии инфрасохтори роҳи оҳан, таҳияи пешниҳодҳо оид ба муттаҳидсозии сиёсат ва стратегияҳои нақшаҳои рушди инфрасохтор, нақшаҳои рушди навовариҳои техникӣ дар нақлиёти роҳи оҳан ва корҳои муштараки тадқиқотӣ ба мувофиқа расида, оид ба рафти ҷаласа протоколи ҳамкориро ба имзорасонданд.