• Tajik
  • Русский
  • English

 Рӯзи 15- уми сентябри соли равон дар Вазорати нақлиёт таҳти раёсати Вазири нақлиёт  Азим Иброҳим  ҷаласаи Гуруҳи корӣ оид ба нақлиёт дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозии  рушд  бо иштироки намояндагони шарикони рушд ва масъулини идораву корхонаҳои нақлиётӣ баргузор гардид.

            Вазир аз ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ҳамкориҳои  минбаъда  даъват намуд.

             Сипас,  Саломзода Раҳмиддин - номзади илмҳои техникӣ, дотсенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ  мавзӯи "Тадқиқоти нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе" ва  Самадзода Саъдӣ  - директори Корхонаи воҳиди давлатии "Смарт Сити"  мавзӯи "Татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои идоракунӣ ва назорати фаъолияти нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе" – ро ба ҳозирин пешкаш намуданд.

            Баъд аз рунамоии лоиҳаҳо  мубодилаи афкор ба миён омад. Роҳбари  Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон  JICA дар Тоҷикистон Хидеки Танабе  оид ба лоиҳаҳои мазкур изҳори ақида намуда қайд кард, ки агар фаъолияти ин лоиҳаҳо ба лоиҳаҳои гаронҳаҷми байналмилалӣ нигаронида шуда бошад ҳам,  масъалаи дастгирии татбиқи лоиҳаҳои мазкурро  низ мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.

Вазири нақлиёт татбиқи лоиҳаҳоро муҳим арзёбӣ намуда, изҳорӣ умед, кард, ки дар ҷаласаҳои оянда ин масъала баррасӣ хоҳад гашт.