• Tajik
  • Русский
  • English

 

21 августи соли 2020 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳаштуми Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба Лоиҳаи баланд бардоштани иқтидор оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар роҳҳои автомобилгар баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа масоили  дастовардҳо дар охири моҳи июли соли 2020 ва дурнамо барои 7 моҳи оянда то ба охир расидани лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Дар ҷаласа 2 нафар аз JICA Токио, 1 узви Дафтари JICA аз Тоҷикистон дар Ҷопон ва 5 узви Гурӯҳи коршиносони JICA бо истифода аз системаҳои видеоконференсия дар ҷаласа ширкат варзиданд.

 

Муовини   Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста  ҷаласаро ифтитоҳ намуда аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукумати Ҷопон, ки аз тарафи JICA пешниҳод шудааст, барои кӯмакашон, ки он  ба рушди соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд, арзи сипос кард.