• Tajik
  • Русский
  • English

  15.07.2015 дар вазорат ҷаласаи мушовара баргузор гардид.

  Дар ҷаласа 3 масъалаҳои зерин натиҷагирӣ ва муҳокима гардидаанд.

 - оид ба ҷамбасти натиҷаҳои фаъолияти маҷмааи нақлиёти ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва  вазифаҳо барои нӯҳмоҳаи соли 2015.  (Маърузачӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода  Шералӣ Раҳмон ).

 

          - оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели  соли  2015 таҳти №261    «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти  мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015 -2016» дар корхонаю  муассисаҳои   комплекси нақлиётӣ

           

          - рафти иҷро қарорҳои ҷаласаи  Ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи аввали  соли 2015 аз 09.04.2015

          Ба роҳбарони муасисаҳои нақлиёт аз ҷумла ба Хадамоти давлати назорат ва танзим дар соҳаи  нақлиёт  пас аз музокирот баррасии  масъалаҳои болозикр ҷиҳати бартарафсозии  камбудиҳои дар  фаъолияташон ҷойдошта супоришҳои қатъӣ дода шуд.