• Tajik
  • Русский
  • English

    Санаи 22 июли соли 2021, ҷаласаи дуюмин Кумитаи Координатсионии Лоиҳа дар асоси се масъалаи муҳим таҳти роҳбарии Вазорати нақлиёт ва Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо дар Вазорати нақлиёт баргузор шуд.

   Муовини аввали вазири нақлиёт Бобозода Раҳим Бозор ҷаласаро оғоз намуд.

   Дар ҷаласаи мазкур дар се қитъаи лоиҳа баррасии масъалаҳои  раванд ва сатҳи корҳои сохтмонӣ, бехатарӣ (ҳифзи муҳити зист, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳифзи меҳнат ва саломатӣ, бехатарӣ дар роҳ ва ғайраҳо) ва таҳияи ҷадвали лоиҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

  Аъзои кумита намояндагони Вазорати нақлиёт, Вазорати Молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бонкҳои сармоягузор, Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо ва раёсатҳои дахлдор,  намояндагони ширкатҳои машваратии лоиҳа ва паймонкорон низ иштирок варзиданд. Ҷаласаи мазкур қисман ба таври маҷозӣ суръат гирифта, дар он оид ба масъалаҳои баррасишуда ҷонибҳо фикру ақидаҳои худро пешниҳод намуданд.

   Дар анҷоми ҷаласа қарор оиди нақшаи иҷрои корҳо  ва таърихи нишасти минбаъдаи кумитаи макзур баррасӣ гардид.