• Tajik
  • Русский
  • English

Таърихи 3- юми июли соли равон ҷаласаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии Вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он  муовини аввали  Бобозода Раҳим Бозор ва муовини вазир Ш Саидмуродзода, ҳамчунин Раиси КИ ХХДТ дар нохияи Шохмансур Гулахмадзода З. иштирок намуданд.

Чаласаи мазкур масоили қабули аъзоён  ба сафи ҲХДТ, ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оиди фаъолияти шашмоҳаи соли 2020, ахбороти ситоди “COVID-19”, ва ахборот оиди иҷроиши бандҳои алоҳидаи протоколи ҷаласаи назди ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаро мавриди баррасӣ карор дод.

Раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Бобоева  Н.Т. сухан намуда, оид ба  фаъолияти  нимсолаи якум ва вазифаҳои дарпешистодаи    ташкилоти ибтидоӣ ба таври фишурда сухан карда, ҳамчунин қайд намуд, ки, ки  фаъолияти ташкилоти мазкур дар баробари муваффақиятҳои ба дастоварда то ҳол ҳолатҳои хунукназариву бетарафии аъзоёни ҳизб нисбати тақдири якдигар, муносибатҳои номақбули ҷавонону наврасон ва беэътиноии  хизбиён дар кору фаъолияти харруза ҷой доранд. Аз ин лиҳоз таҳким додани ҳиссиёти ватандустии аъзоён ва тарафдорони ҳизб зарур аст ва ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлату ҳукумати кишвар бояд аз ҳама захираву икониятҳо самаранок истифода намоем.     

         Муовини Вазири наклиёт Шоиста  Саидмуродзода  фаъолияти  нимсолаи ТИҲ -ро мусбат арзёбӣ намуда, ҳозиринро ба меҳнати софдилонаву риояи беҳдоштӣ даъват намуд.

Муовини якуми вазир  Бобозода Раҳим Бозор ҳозиринро ба вазъи имрӯзаи сиёсию иқтисодии кишвар бори дигар ошно намуда, изҳор дошт ки тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ  дар давоми соҳибистиқлолии кишвар дар марҳилаи  кунунӣ яке аз вазифаҳои  муҳими сиёсии ҳизбиён ба шумор рафта, барои ба омма расонидани он аз ҳама роҳу усулҳои самаранок бояд истифода намуд.

 Мавсуф ҳамчунин  қайд намуд, ки Ваҳдати милли ва пойдории миллату давлат яке аз дастовардҳои бузурги ҲХДТ ҳаст ва қадршиносӣ намудани ин неъмати бебаҳо дар арафаи ҷашни 30-солагии Вахдат  вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як аъзои ҳизб мебошад.

Моуовини якуми вазир  ҳозиринро даъват намуд, ки дар давраи муҳими ҳайёти сиёсию иқтисодии кишвар саҳмгузор бошанд ва оиди амалӣ намудани қарорҳои Анҷумани охирини ҲХДТ ва Барномаҳои амалии  ҳизб  ҳамаҷониба кӯшиш намоянд.

         Инчунин қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани талаботи Барномаи рушди комплекси нақлиётиву коммуникатсионии кишвар ва Қарорхои ҲҶТ , барои ёрии амалӣ расонидан дар барномаҳои иқтисодии кишвар кӯшиши бештар намоянд.

Вазъи итқтисодии имрӯзаи кишвар далели  равшани он аст, ки сол то сол сатҳи зиндагии мардум  баланд шуда, бахши камбизоати аҳолӣ кам гашта истодааст- афзуд муовини вазир.

Дар фарчоми ҷаласа оид ба масоили матраҳгардида қарори дахлдор қабул гардид.