• Tajik
  • Русский
  • English

   Имрӯз 11-уми январ дар Вазорат бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим ва сардорону роҳбарони муассисоти маҷмааи нақлиётии ҷумҳурӣ ҷаласаи ҳайати Мушовара  оид ба масъалаи ҷамъбасти  натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017баргузор гардид. Бо маърӯзаи асосӣ вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон баромад намуда, ба тарзи фишурда аз анҷоми корҳои иҷрогардида гузориш дод. Сипас  муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ба таври муфассал аз ҳадафҳои асосии баргузории Мушовара суханронӣ намуд.

Гузориши муфассал аз рафти ҷаласа дар ҳафтаномаи «Нақлиёт»  шумори №1 аз 13 январи соли 2017   ба чоп мерасад.