• Tajik
  • Русский
  • English

Рўзи 11 – уми январи соли равон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаи нақлиёт дар соли 2019 ва нақшаҳо барои нимсолаи аввали соли 2020 дар Вазорати нақлиёти кишвар ҷаласаи ҳайати Мушовара баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати Вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр Завқибек ҷараён гирифта, дар кори он муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Ҳабибов иштирок дошт.

Оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар соли 2019 муовини вазир Шоиста Саидмуродзода маърўза кард.

Пас аз шунидани маърўзаи ҷаласаи ҳайати Мушовара масъалаи мазкур ва масъали дуюм – таҳлили иҷрои қарори ҷаласаи ҳайати Мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.10.2019с., №9 “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар нуҳ моҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2019” мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Худоёрзода Худоёр ва Муҳаммад Ҳабибов ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешравии кор ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Муфассал аз ҷараёни ҷаласа дар ҳафтаномаи “Нақлиёт” маълумот дода мешавад.