• Tajik
  • Русский
  • English

     Рӯзи 15- уми январи соли равон ҷаласаи ҳайати Мушовара бо иштироки сардорон ва масъулини идораву корхонаҳои зерсохтори соҳаи нақлиёт  таҳти роҳбарии вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид.

    Дар ҷаласа ҳамчунин  Аламхон Наимӣ- сардори раёсати молияи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ  ва дигар масъулини вазорату кумитаҳои дахлдор иштирок намуданд.

    Дар ҷаласаи Ҳайати Мушовара  асосан як масъала-натиҷаҳои ҷамъбасти  фаъолияти соҳа дар соли 2020 ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли 2021 мавриди баррасӣ гирифт. Вазири нақлиёт фаъолияти корхонаву идораҳои маҷмааи нақлиётро натиҷагирӣ карда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва пешрафти кори соҳа дар семоҳаи якуми соли равон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.