• Tajik
  • Русский
  • English

Дар Вазорати нақлиёти кишвар рўзи 15 апрели соли равон ҷаласаи ҳайати Мушовара доир гардид, ки дар он фаъолияти соҳаи нақлиёту роҳ дар семоҳаи аввали соли равон ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюм ва оиди иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №779 «Дар бораи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр, муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Муҳаммад Ҳабибов ва кормандони маҷмааи нақлиёт иштирок доштанд.

Вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, муовини вазири нақлиёт Вализода Рустам ва сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ аз рўи масъалаҳои муҳокимашаванда баромад намуданд.

Сипас сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон, директорои Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо Нуралӣ Арабзода, Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳи автомбилгарди Душанбе - Чаноқ оид ба пешрафту камбудиҳои соҳа маълумот доданд.

Худоёрзода Худоёр ва Муҳаммад Ҳабибов ба сардорони МД ИХРА – ҳо, муассисаҳои нақлиётӣ ва дигар масъулини соҳа баҳри пешрафти кор ва ислоҳ намудани камбудиҳо супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ки ба ҷаласаи ҳайати Мушовара даъват шуда буданд, фикрҳояшонро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо Вазорати нақлиёт ироа доштанд.

Гузориши муфассал аз ҷараёни ҷаласа дар ҳафтаномаи «Нақлиёт» чоп мешавад.