• Tajik
  • Русский
  • English

   Санаи 28 майи соли 2021 дар Вазорати наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаласаи якуми  Кумитаи Муштараки Ҳамоҳангсозӣ дар доираи лоиҳаи Рушди иқтидорноки оиди Идора кардани пулҳо баргузор гардид.

   Лоиҳаи Рушди иқтидорнокӣ оид ба идора кардани пулҳо, лоиҳаи севвуми Ҳамкории Техникии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA) ба шумор меравад ва моҳи апрели 2021 шуруъ гардида, моҳи ноябри соли 2024 ба итмом хоҳад расид.

   Дар ҷаласаи мазкур намояндагони JICA,  Вазорати наклиёт ва идораҳои тобеии он, Пажухишгохи лоиҳакашии иншоотҳои наклиёти, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, коршиносони Ҷопонӣ  иштирок намуданд .

   Нахуст муовини Вазири нақлиёт Сироҷзода Шуҷоат ва роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ ( JICA), баъдан коршиносони Ҷопон баромад намуда, оид ба  нақшаи кории лоиҳа ва фаъолияти лоиҳа аз рӯи нишондодҳо маълумот доданд.