• Tajik
  • Русский
  • English

Рӯзи 9-уми декабри соли равон дар толори Вазорати нақлиёт ҶТ вохӯрии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо ҷавонони Вазорати нақлиёт баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини вазири нақлиёт Сироҷзода Шуҷоат, муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон - Раҳимзода Умед, муовини сардори раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулов Маҳкамбой, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур - Бадалова Муборак, ва кормандони маҷмааи нақлиёт иштирок доштанд.

Дар ҷаласа Раис ва муовини раисӣ намояндагии маҳаллии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Вазорати нақлиёти ҶТ интихоб гардид.  

Аз номи ҷавонони соҳаи нақлиёт ва аҳли нишаст номзадии Қаландаров Фирӯз ба раисӣ намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва Музаффарзода Марҷона - муовини раис пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳозирин дастгирӣ ёфтанд.

Сипас, меҳмонон оид ба сиёсати пешгирифтаи Роҳбари Давлат дар бораи нақши ҷавонон дар ҷомеа, масъалаҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм, пешгирии ҳамроҳ гардидани ҷавонон ба ҳар гуна амалҳои номатлуб ва гуруҳои ифротгаро  сухан карданд.