• Tajik
  • Русский
  • English

   Ба ифтихори таҷлили 30 – солагии Истиқлоли давлатии чумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати нақлиёти бо иштроки кормандони соҳаи нақлиёту роҳ ҷаласаи тантанвӣ баргузор гардид.

   Нахуст вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҳозиринро ба ифтихори ин рўзи саид табрик гуфта, изҳор дошт, ки баракати Истиқлол аст, ки имрўз  мо дар тамоми манотиқи кишвар рўзи ҷашну хурсандӣ дорем, дар ҳоле, ки  кишвари ҳамсояи мо Афғонистон оғуштаи хуну шаҳрвандаонашон сарсону саргардонанд. Чунин рўзҳои сангин бар сари мо ҳам омада буданд, вале бо ҳукми тақдир Сарвари хирадманде насиби мардуму кишварамон гашт, ки лаҷоми ҷангу хунрезиро саривақт гирифта, бо заҳмату талошҳои бензир оромиву осудагиро дар Ватани ҷангзада оварда, гурезагонро ҷамъ оварду кишвари воҳиду соҳибистиқлолу озодро бунёд гузоштанд. 

  Аз ин хотир мо  Тоҷикистониён бо тамоми ҳастӣ дарк менамоем, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад.

  Вазири нақлиёт аз дастовардҳои соҳа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва заҳматҳои шабонарўзии роҳдорону нақлиётчиёни кишварро дар ноил гардидан ба онҳо муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, аҳли нишастро ба меҳнту садоқат ба Ватан ва эҳтиром гузоштан ба  ин рўзи саид даъватнамуд.

  Сипас кормандони Вазорати нақлиёт Сунатулло Назаров, Лайло Ўлуғзода ва Хуршед Шоҳраҷабов аз таърихи ба даст омадани истиқлол, заҳматҳои Пешвои миллат дар роҳи ба даст овардани сулҳу суботи кишвар ва ғамхорӣ дар ҳаққи ҷавонону бонувон изҳори ақида намуданд.

  Дар фарҷоми ҷаласа кормандони фаъоли соҳа барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти кор ва бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Вазорати нақлиёт ва мукофотҳои пулӣ қадр гардиданд.