• Tajik
  • Русский
  • English

   Боиси хушнудист, ки бо саъю кӯшиши якҷоя фаъолияти гузаргоҳи Қулма - Қаросу ва ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни кишварҳои мо тамоюли афзоиши мусбат дорад ва ин вохӯрӣ имкон медиҳад, ки масъалаҳои мавҷуда, оид ба рушди минбаъдаи нақлиёт дар ҷаласаи имрўза дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ муҳокима хоҳанд шуд, - иброз дошт вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар мулоқоти маҷозии Гуруҳи кории механизми муштарак оид ба пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсизян – Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин, ки тариқи маҷозӣ, 10 августи соли равон дар Вазорати нақлиёт доир гардид.

  Гуруҳи кории ҳайати Тоҷикистонро, ки иборат аз намояндагони вазоратҳои нақлиёт, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти гумрук, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Кумитаи амнияти озуқаворӣ, ҷамъиятҳо ва ассотсиатсияҳои боркашонӣ иборат буд, вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва гуруҳи кории Ҷумҳурии мардумии Чинро муовини раиси ноҳияи Синзян – Уйғури Чин Чэн Вэйтсзюн роҳбарӣ карданд.

  Роҳбарони ҳайатҳо бо қаноатмандӣ қайд карднад, ки бо сиёсати пеширифтаи сарони ҳар ду кишвар муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва ҳамлу нақли байналмилалӣ сол аз сол густариш меёбад.

  Ҷонибҳо масоили ҳалталабро дар самти таъмини интиқоли бемамониати бор тавассути гузаргоҳи марзии Қулма – Қаросу бо риояи қоидаҳои пешгирӣ ва назорати эпидемия мавриди баррасӣ қарор дода, аз рўи масоили муҳокимашаванда мубодилаи афкор намуданд.

  Вазири нақлиёти кишвар иброз дошт, ки татбиқи чораҳои андешидашуда дар ин самт аз ҳар ду ҷониб амалӣ карда мешавад. Масалан, барои самаранок ва пурра истифода бурдани вақти корӣ, оғози кор дар гузаргоҳи Кулма - Карасу аз соати 10:00 ба вақти Пекин (соати 07:00 ба вақти маҳаллӣ) оғоз мешавад, ки боиси афзоиши ҳаҷми молҳои интиқолёфта гардидааст. Тибқи маълумоти бадастомада, тавассути ин гузаргоҳ дар як рӯз то 30-35 контейнер бор мегузарад.

  Натиҷаи чораҳои андешидашуда ба ҳаҷми умумии нақлиёти автомобилӣ тавассути ин гузаргоҳ таъсири мусбат расонд ва дар 7 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти бор бо нақлиёти автомобилӣ 36831 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз зиёд аст.

  Азим Иброҳим ҳамчунин қайд кард, ки дар ҷаласаҳои пеш бо  мақсади зиёд кардани ҳаҷми интиқол, пешниҳод кардем, ки дар баробари интиқоли контейнерӣ бо назардошти иваз кардани кантейнерҳҳои холӣ интиқол бо  ядак ва нимядак дар минтақаи нейтралӣ анҷом дода шавад. Тавре ки дар ҷаласаҳои қаблӣ қайд карда шуд, механизми пешниҳодшуда содда аст ва хароҷоти иловагии молиявиро талаб намекунад  ва бори дигар дида баромадани ин масъаларо пешниҳод кард.

  Вазири нақлиёт ҳамчунин иброз дошт, ки бо мақсади пурзӯр кардани назорат аз болои вазъи эпидемиологӣ дар гузаргоҳи Кулма-Карасу масъалаи қабули контейнерҳои холии Тоҷикистонро бе пардохти иловагӣ бори дигар баррасӣ намуд. Бо мақсади зиёд кардани интиқоли контейнерҳо, аз ҷониби Чин даъват ба амал овард, ки ҳар рӯз баъд аз соати 16 -и вақти Душанбе ба кори кранҳои Тоҷикистон барои бор кардани контейнерҳо аз минтақаи бетараф мусоидат намояд.

  Барои самаранок анҷом додани амалиёти борфурорӣ ва боркунӣ дар минтақаи бетараф, аз ҷониби Чин хоҳиш карда шуд, ки контейнерҳоро дар болои ҳам ҷой надода, онҳоро ба мошинҳо бор кунанд ё як қатор гузоранд.

 Аз ҷониби вазири нақлиёт ҳамчунин пешниҳод гардид, ки дар интиқоли моле, ки зиёда аз як сол дар анборҳои шаҳри Кошғар истодаанд ва  истифодаи кранҳои магнитии чиноӣ бо нархи қобили қабул барои ҷониби Тоҷикистон мусоидат намоянд ва имконияти безараргардонии кантейнерҳои холиро дар ноҳияи Мурғоб баррасӣ кунанд.

  Пас аз суханронии роҳбарони ҳарду ҷониб, ҳайати корӣ тариқи маҷозӣ масъалаҳои баррасишударо муҳокима намуда, оид ба ҳалли онҳо табодули назар карданд. Пешниҳод гардид, ки гуруҳи коршиносон ҳар ҳафта вохӯрии маҷозӣ гузаронанд.