• Tajik
  • Русский
  • English

  Гуруҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушунҳои сарҳадӣ, Хадамоти санитарию эпидемиологӣ, Агентии бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти дав­латии назорат ва танзим да соҳаи нақлиёт, терминали «Тоҷиквнештранс» дар Қулма рўзи 5 - уми октябр аз гузаргоҳи сарҳади давла­тии Қулма дидан намуда, оид ба натиҷаи боздид ҷаласа доир намуданд.

  Ҷаласа таҳти раёсати муо­вини вазири нақлиёт Саид­муродзода Шоиста баргузор гардида, дар он масъалаи роҳҳои зиёд намудани рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

  Шоиста Саидмуродзода иштирокдорони ҷаласаро бо вазъи имрўзаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бо Чин ва мушкилоти ҷойдошта дар ин самт ши­нос намуда, қайд кард, ки тибқи мактуби Сафрорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҶумҳурииТоҷикистон реҷаи мувофиқашуда аз ҷониби мақомоти назора­тии Тоҷикистон риоя ва контейнерҳои холӣ бо саба­би тамъиз нашуданашон аз ҷониби Чин бозпас гирифта на­мешаванд. Ҳамчунин мавҷуд набудани крани магнитӣ дар ҷониби Тоҷикистон масъалаи саривақт ва босифат интиқол додани контейнерҳои бор­дорро мушкил гардонда, са­баби ҷамъ шудани воситаҳои нақлиёти зиёд бо борҳои ниё­зи мардум дар ҳудуди Чин гардидааст.

  Дар ҷаласа ҳамчунин масъулини дигар соҳаҳо су­хан карда, изҳор доштанд, ки мақомоти назоратӣ дар сарҳад пайваста дар фаъоли­ят буда, гузаргоҳ аз ҷониби Тоҷикистон ба таври доимӣ кор мекунад. Иштирокдо­рон ҷиҳати ҳалли масъалаи мавҷуда пешниҳодҳои му­шаххас манзур намуда, бо назардошти ҳамаи гуфтаҳо ҷаласа қарор қабул кард ва тибқи он масъулин вазифадор гардиданд, ки роҳи ҳалли мушкилотро ёбанд.

  Аз ҷумла, ҶСП «Тоҷиквнештранс» вазифадор гардид, ки имкони харидани крани магнитӣ ва васлу насби он дар гузаргоҳи Қулмаро баррасӣ намуда, оид ба ҳалли ин масъала ба Вазорати нақлиёт пешниҳоди худро ироа ку­над.

  Хадамоти гумруки наз­ди Ҳукумати ҶТ фаъолияти мақомоти назоратиро дар сарҳад ҳамоҳанг созад ва бо мақсади эмин нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард ва ин­шооти он ҳангоми ба расми­ятдарории гумрукӣ меъёрҳои тасдиқгардидаи ҳаҷму андо­заро дар нақлиёти боркаш риоя намояд. Ҳамчунин бо мақсади дуруст ба роҳ мон­дани ҳисобу китоби оморӣ, аз нав ба расмиятдарорӣ ва дигар амалиётро вобаста ба интиқоли бор дар ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизма­трасонии логистикӣ» анҷом диҳанд.

  МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хиз­матрасонии логистикӣ» дар якҷоягӣ бо Хадамоти давлатии на­зорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт гузариши воситаҳои нақлиёти боркашро дар гузаргоҳ таъмин намуда, ра­ванди интиқолро зери на­зорати қатъӣ қарор диҳанд ва барои интиқоли таҷҳизот, бори калонҳаҷму вазнин танҳо бо воситаҳои нақлиёти мувофиқ иҷозат диҳанд.

  Вазорати нақлиёт усу­ли самараноки интиқолро аз сарҳади давлатии Қулма коркард карда, бо ҷониби Чин ҳамоҳанг ва ба интиқолдиҳандагон пешниҳод намояд. Вазо­рати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ ҳарчи зудтар ба роҳ мондани сохтмони бинои безаррагардонии воситаҳои нақлиёт ва контейнерҳоро дар гузаргоҳ таъмин намо­янд.