• Tajik
  • Русский
  • English

Рўзи 26-уми декабри соли равон Пайёми навбатии Асгосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар толори Кохи Сомон ироа гардида, мустақиман тариқи телевизион дар ҳамаи шабакаҳои Тоҷикистон намоиш дода шуд ва кормандони ҳамаи идораву вазоратҳо онро тамошо карданд.

Дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кормандон якҷоя аз суханронии маслиҳатомез ва судманди  Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвр тариқи оинаи нилгун баҳраманд гардиданд.

Дар Пайёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати  дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайан намуда, оид ба пешбурди манфиатбори  сиёсати хориҷӣ  ва таъмини  пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика  роҳу нақлиёт, тандурустӣ, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  ҳарф зада, дар назди мутасаддиён вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.